Хабар

ОБ ЗАХИРА КУНЕД! Дар баъзе кӯчаю маҳаллаҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе интиқоли оби ошомиданӣ муваққатан қатъ мегардад

Аз соати 23:00 –и   21 январ  то соати 24:00-и  22 январи соли  равон, яъне ба муҳлати як шабонарӯз  интиқоли  оби  нӯшокӣ  дар кӯчаҳои Истаравшан, Ҳусейнзода, Академик Раҷабовҳо, Бухоро ва Нарзиқулови  ноҳияи Шоҳмансур ва кӯчаҳои Бухоро, Бохтар, Пушкин, Теҳрони  ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри  Душанбе қатъ мегардад.

Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ашуриён Музаффар Қурбонмуҳаммад бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Раиси Иттифоқи кинематографистони Афғонистон, дӯсти Тоҷикистон ва тоҷикон Ҷавоншер Ҳайдарӣ аз олам даргузашт

Раиси Иттифоқи кинематографистони Афғонистон Ҷавоншер Ҳайдарӣ имрӯз дар синни 68 аз олам даргузашт. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.

Страницы