Хабар

Дастаи футзали Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ бо дастаҳои Кувайт ва Эрон бозӣ мекунад

Ҳарифони дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «SAT International Futsal Championship 2020», ки аз 2 то 8 феврал дар Тайланд баргузор мешавад, муайян гардиданд. Дар асоси қуръакашии мусобиқа  дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» бо дастаи Кувайт (3 феврал) ва Эрон (4 феврал) бозӣ мекунад.

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода: аз сафарҳои нозарур ба маҳалҳои хатарнок худдорӣ намоед

22 январ дар ҷумҳурӣ номусоидии вазъи ҳаво боқӣ монда, дар водиҳо ва доманакӯҳҳо боридани  борон ва барф дар назар аст.

Страницы