Сайёҳӣ

«АКСИ ЗЕБОИ КИШВАРАМ». Ин озмун табиати нотакрору имкониятҳои сайёҳии вилояти Суғдро муаррифӣ менамояд

«Акси зебои кишварам» — озмунест, ки миёни аксбардорони касбиву ҳаваскори вилояти Суғд бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021  гузаронида мешавад.

Тавре аз маркази матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мақсад аз баргузории озмуни мазкур тарғибу муаррифии табиати нотакрору имкониятҳои сайёҳии ин вилоят мебошад.

«САЁҲАТ БА ХОТИРИ СУЛҲ». Асарҳои рассоми тоҷик Пайрав Гулов дар Бишкек ба намоиш гузошта шуданд

Дар доираи баргузории ҷаласаи сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон  аз 12 то 17 июни соли равон дар намоишгоҳи  байналмилалӣ таҳти унвони  «Саёҳат ба хотири Сулҳ» асарҳои рассоми тоҷик Пайрав Гулов ба намоиш гузошта шуданд. Рассом дар ин намоишгоҳ ду асари худ- «Мақбараи Шоҳи зинда» ва «Самарқанди кӯҳан»- ро манзури меҳмонони ин чорабинии сатҳибаланди  байналмилалӣ гардонид.

Страницы