Журналистон

Шабнамҷони Маҳмуд

Шабнамҷони Маҳмуд 31-августи соли 1995 дар Тоҷикистон таваллуд шудааст. Номбурда Соли 2016 факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст. Шабнамҷон фаъолияти кориашро соли 2012  дар идораи барномаҳои фарҳангӣ-фароғатии Муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина” оғоз кардааст.

Зафари Қаюм

Зафари Қаюм 23-юми феврали соли 1991 ба дунё омадааст.
Номбурда соли 2014 факултаи  забон ва адабиёти руси Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст.
Зафар аз соли 2013 инҷониб дар идораи сиёсии «Телевизиони Тоҷикистон» чун муҳаррир фаъолият дорад.

Маъруф Назарзода

Маъруф Назарзода 5-уми январи соли 1987 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.
Номбурда соли 2010 шуъбаи журналистикаи телевизион ва радиои Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро бо дипломи аъло хатм намудааст.

Страницы