|
|
|
Созишнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеролиии Олмон |
 Имрӯз дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими имзои Созишномаи миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеролиии Олмон оид ба ҳамкории техникӣ ва Созишномаи миёни Ҳукуматит Чумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Чумҳурии Федеролии Олмон оид ба ҳамкории молиявӣ баргузор гардид. |
|
Муфассал...
|
|
|
Боришоти барфи зиёд дар нохияи Тоҷикобод |
 Ба боришоти барфи зиёд нигоҳ накарда, кормандони муассисаҳои нигоҳдории роҳҳои минтақаи Рашт аз имконоти мавҷуда самаранок истифода мебаранд. |
|
Муфассал...
|
|
|
Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон |
 Дар соли 2011 истеҳсоли 34 номгӯи маҳсулоти асосӣ, аз ҷумла тилло, лампаҳои каммасраф, ангишт, маҳсулоти дӯзандагӣ, хишт, семент, мебел, обҳои маъданӣ, орд, қубурҳо, маводи дигари синтетикиву пластмассӣ ва ғайра афзуд, иттилоъ доданд намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигорони Васоити ахбори омма. |
|
Муфассал...
|
|
|
Ҷаласаи тадорукоти иди байналмилалии наврӯз дар соли 2012 |
 Имрӯз дар ҳузури Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов ҷаласаи тадорукоти иди байналмилалии наврӯз дар соли 2012 баргузор гардид. |
|
Муфассал...
|
|
|
Нишасти матбуоти дар «Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе» |
 Натиҷаи иҷрои барномаҳои истеҳсолии Ҷамъияти саҳҳоимии кушодаи «Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе» ба он овард, ки дар давраи ҳисоботи 43,1 милион сомони ба буҷети давлат ворид гардад. |
|
Муфассал...
|
|
|
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
 Имрӯз дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир гардид, ки адр он аз фаъолияти Кумита дар давраи соли 2011 натиҷагири карда шуд. |
|
Муфассал...
|
|
|
Сохтмон ва азнавсози 15 иншооти корхонаҳову марказхои хизматрасони |
 Дар давраи ҳисоботи аз ҷониби инттифоқи Тоҷикматлубот сохтмон ва азнавсози 15 иншооти корхонаҳову марказхои хизматрасони амали карда шуд, ки дар беҳтаршавии сифати хизматрасонии маиши аҳамияти калон доранд. |
|
Муфассал...
|
|
|
Лоиҳаи нави «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» |
 Зимни нишасти матбуоти масъулини Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигорон иттилло доданд, ки дар роҳи татбиқи ҳамаҷонибаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҳамчунин танзими истилоҳот дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа Шӯрои ҳамоҳансозии истилоҳотро таъсис намудаанд, ки он аз 3 гӯруҳ ва 19 бахш иборат буда, ҳоло дар он 126 нафар муҳаққиқон фаъолият доранд. |
|
Муфассал...
|
|
|
Як гурӯҳ кадрҳои ба вазифаҳои воломақом дар хузури сарвари давлат |
 Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кадрҳои ба вазифаҳои воломақом дар сохторҳои Прокуратура ва Гвардияи миллии Тоҷикистон пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт. |
|
Муфассал...
|
|
| << [Қаблӣ] < [Баъдӣ] 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 [Навбатӣ] > [Ниҳоӣ] >>
| |
|
| |
|   |
|
| |
|
|
| |
|
|
|
|
| САРХАТИ ХАБАРҲОИ РӮЗ |
Имрӯз фаъолияти солонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки хабарнигорони воситаҳои ахбори омма натиҷагирӣ карда шуд. Зикр шуд, ки ба ин мақомот 754 нафар шаҳрванд муроҷиат намуд, ки 20 адади муроҷиати онҳо ба тариқи мусбӣ ҳалли худро ёфтааст. Ҳамчунин дар ин давра Сомонаи интернетии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд тавассути он арзу шикояти худро фиристанд ва ё ба саволҳои худ посух гиранд. Дар давраи ҳисоботӣ дар 4 минтақаи ҷумҳурӣ қабулгоҳҳои ҷамъиятии ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ифтитоҳ ёфт. Соли гузашта Стратегияи фаъолияти мақомоти Ваколатор оид ба ҳуқуқи инсон барои солҳои 2011-2015 бо нишон додани самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомот таҳия ва қабул карда шуд.
Дар ноҳияи Рашт бо мақсади татбиқи амалии ислоҳоти соҳаи маориф ва дар доираи корҳои созандагӣ бо маблағи 5 миллиону 430 ҳазор сомонӣ сохтмону барқарорсозии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба анҷом расонида шуд
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» масъулияти волидайнро нисбат ба тарбияи наврасони бомаърифату дорандаи хислату одоби нек дучанд намуд. Вале мутаассифона ҳанӯз нафароне ҳастанд, ки бар хилофи муқаррароти Қонуни мазкур амал намуда, дар самти таълиму тарбияи фарзандонашон беэътинои зоҳир менамоянд.
Дар шаҳри Бағдоди Ҷумҳурии Ироқ се амали террористӣ анҷом дода шуд, ки дар натиҷа 16 нафар ба ҳалокат расида, 70 каси дигар ҷароҳат бардошт. Мувофиқи маълумоти расида 2 нақлиёти бо моддаи тарканда муҷаҳҳаз дар шаҳраки Садри Ироқ низ тарконида шуд, ки он боиси марги 10 нафар гашт. Ҳамчунин дар минтақаҳои Шӯъла як нақлиёти сабукрав тарконида шуд, ки дар натиҷа 6 нафар ҳалок гашт. Бар асари таркишҳо биноҳои истиқоматию маъмурӣ низ хисороти зиёд диданд.
Дар шаҳри Кӯлоб бо мақсади беҳдошти муҳити зист ва бо гулу буттаҳои нодир ороиш додани гулгашту хиёбонҳо гармхонаҳои махсуси гулпарварӣ таъсис дода шудааст. Масъулини корхонаи фаръии ниҳолпарварӣ ва кабудизоркунӣ парвариши гулҳоро дар ин гармхонаҳо ба роҳ мондаанд.
Бори нахуст дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ба номи Саидмӯъмин Раҳимов осорхонаи таърихӣ дари худро ба рӯи донишҷӯёну меҳмонони ин даргоҳ боз мекунад. Ин тадбир дар арафаи иди Наврӯз амалӣ мегардад, иттилоъ доданд масъулини донишкада ба хабарнигорони воситаҳои ахбори омма. Дар донишкада аз тарафи устодон варзишгарони хуб тарбия карда мешаванд, ки дар соли гузашта бо гирифтани медалҳои тиллову нуқра ва биринҷӣ шарафи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳимоя намуданд. Натиҷаи чунин таълиму тарбия аст, ки дар як соли охир дар Донишкада 5 нафар ғолиби мусобиқаҳои ҷаҳонӣ ба камол расиданд. Ҳамзамон ду нафар донишҷӯи пешқадам Мавзуна Чориева ва Анвар Юнусов ғолиби сабқати қораи Осиё гардиданд. Дар як вақт Анвар Юнусов барои иштирок дар бозиҳои Олимпии «Лондон- 2012» ҳуқуқи комил пайдо намуд.
Бо мақсади ҷалби харҷи бештари муҳассилин ба омӯзиши забонҳо ва касбҳои гуногун дар айёми таътили замистона дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон тадбирҳои зарурӣ амалӣ мегарданд. Шӯъбаи маорифи ноҳия дар якҷоягӣ бо омӯзгорони мактабҳо барои омӯзиши забонҳо ва касбҳои харротию кандакорӣ чеварӣ ва баргузории чорабиниҳои гуногуни варзишӣ барои мактаббачагон шароити мусоид фароҳам меоранд. |
|
|
| ЧЕҲРАҲО |
 муаллифи барномаи иттилоотӣ-таҳлилии «Тоҷикистон»
|
|
Муфассал...
|
|
|
|